Ибрози хушнудии донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар Эрон
(last modified Tue, 18 Apr 2017 14:13:17 GMT )
Апрел 18, 2017 19:13 Asia/Dushanbe

Донишҷуёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад машғул ба таҳсил ҳастанд, аз шароит ва имконоте, ки дар ин донишгоҳ дар ихтиёр доранд, ибрози ризоиятмандӣ карданд.

Ҷамъе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар ғурфаҳои Тоҷикистон дар Ҷашнвораи фарҳанги милал фаъол ҳастанд, дар гуфтугӯ бо хабарнигори радиои “Садои Хуросон” таъкид карданд, Эрон бо сабаби муштаракоти фарҳангӣ ва забони муштарак бо Тоҷикистон барои таҳсил бисёр муносиб аст ва бархӯрди эрониҳо бо онон ба монанди шаҳрвандони Эрон аст. Онон бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Вазорати улуми Эрон аз донишҷӯёни хориҷӣ, бавижа донишҷӯёни Тоҷикистон амнияти иҷтимоӣ ва имконоти рифоҳии Эронро бисёр муносиб ва мӯҷиби оромиш донистанд.

Донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҷойгоҳи илмии Эронро дар байни кишварҳои дунё бисёр боло арзёбӣ карданд ва ба алоқамандони таҳсил дар риштаҳои мухталифи илмӣ тавсия карданд, ки аз имкони таҳсил дар Эрон баҳраманд шаванд.

Гуфтанист, дар рӯзи дувуми барпоии Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Машҳад анвои хӯрокиҳои суннатӣ ва маҳаллии Тоҷикистон низ дар ғурфаи махсуси ин кишвар дар маърази дид ва муаррифии боздидкунандагон қарор гирифта, бо истиқболи чашмгири муроҷиакунандагон рӯ ба рӯ шуд.

 

Барчасп