Бад шудани вазъи саломатии Муҳаммадалӣ Ҳайит дар зиндон
(last modified Wed, 03 May 2017 05:59:56 GMT )
Май 03, 2017 10:59 Asia/Dushanbe
  • Наздикони М. Ҳайит мегӯянд, вай қаблан низ аз бемории ҷигар ва гурда ранҷ мебурд.
    Наздикони М. Ҳайит мегӯянд, вай қаблан низ аз бемории ҷигар ва гурда ранҷ мебурд.

Манобеи хабарӣ аз вахомати ҳоли Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини ба ҳабси абад маҳкумшудаи раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон гузориш доданд.

Ба гузориши сайти “Фарғона нюз”, наздикони Муҳаммадалӣ Ҳайит гуфтаанд, ки вай қаблан низ аз бемории ҷигар ва гурда ранҷ мебурд, акнун низ дар зиндон ба далели бад будани шароити нигаҳдорӣ ва адами расидагии бамавқеи хадамот дармонӣ ҳолаш ба шиддат вахим шудааст.

Манобеи созмони умури зиндонҳои Тоҷикистон ин хабарро таъйид накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки хонум Сарвиннисо Ҷӯраева, ҳамсари Муҳаммадалӣ Ҳайит гуфтааст, ки аз вазъи саломати шавҳараш хабар надорад.

Бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон, наздикони афроде , ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, танҳо 2 бор дар сол метавонанд муҷаввизи мулоқот дарёфт намоянд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2016, 13 узви раёсати олии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро ба иттиҳоми мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсӣ, ифротигарӣ ва даст доштан дар шӯришӣ генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ба зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ин ҳукм Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит - ду муовини раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба зиндони абад ва 11 нафари дигар ба 14 то 28 сол маҳкум шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки сарон ва аъзои ин ҳизб ин иттиҳомотро сохтагӣ ва беасос медонанд.