Июл 02, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Амният ва иқтисод - меҳвари музокираи намояндаи Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

Эркин Раҳматоллоҳзода, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо бо гурӯҳе аз намояндагони ин иттиҳод дидор карда, тарафайн мавзӯоти муҳими минтақа, аз ҷумла ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бидуни шак, он чӣ сабаб шуда, мавзӯи терроризм ба меҳвари аслии гуфтугӯҳои намояндагони ду тараф табдил шавад, густурдагӣ ва фарогирии ин падида дар арсаи байналмилал ва низ шиддати рӯ ба афзоиши терроризм дар густараи Осиёи Марказӣ аст. Тоҷикистон низ ба далели шароити ҷуғрофӣ ва кӯҳистонӣ будани навоҳии марзии ин кишвар бо Афғонистон нигарониҳои амниятии бештаре дорад. Ҳамин мавзӯъ сабаб шуда, то мавзӯи амният ба мафҳуми омми калима ва низ фарогири амният дар чаҳорчӯби марзҳои Тоҷикистон ва густараи Осиёи Марказӣ дар зеҳни мақомоти тоҷик ҳамчун масъалаи аслӣ  ҷой гирад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон илова бар доштани марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон осебпазиртар аз дигар ҳамсоягони ин кишвар аст.

Мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва барномаҳои давлатии ин кишвар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ низ бахши дигаре аз музокироти намояндагони тоҷик ва парлумони Аврупо будааст. Асосан ниҳодҳои аврупоӣ дар пӯшиши кумак ба эҳёи иқтисоди кишварҳои минтақа бистари ҳузур ва фаъолияти худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам карданд, то аз ин раҳгузар зимни тақвияти зерсохтҳои иқтисодии кишварҳои минтақа нуфузи худро дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ ва фарҳангии ин кишварҳо фароҳам кунанд. Баъзе таҳаввулоти минтақа, аз ҷумла ноамниҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва вуҷуди бистари ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ низ амалан заминаи ҳамкориҳои амниятиро байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ниҳодҳои ғарбӣ фароҳам кардааст. Шояд яке аз боризтарин далелҳои ин мавзӯъро битавон ба сафари Страун Стивенсон, намояндаи Ҳизби муҳофизакори Англия дар парлумони Аврупо ба Тоҷикистон дар соли 2012 рабт дод, ки ӯ бо баҳонаи раёсати ҳайати ҳомиёни такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистон ва баррасии охирин вазъияти сохти ин нерӯгоҳ вориди ин кишвар шуд, то аз ин раҳгузар ба навъе дар ҳалли ихтилофи Тоҷикистону Узбакистон дар заминаи энержӣ дахолат кунад.

Акнун низ аз эҳтимол дур аст, ки стратегия ва ҳадафи аслии ниҳодҳои ғарбӣ, аз ҷумла парлумони Аврупо дар қиболи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон тағйири назаррасе карда бошад, ҳол он ки ин тамоил назди тарафи тоҷик вуҷуд дорад, ки мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии худро бо кумаки ин ниҳодҳо бартараф кунад. Тарҳи мавзӯи баррасии Стратегияи миллии тавсеаи Тоҷикистон то соли 2030 ва зарурати тақвияти ниҳодҳои амниятию интизомии ин кишвар дар мубориза бо хатару чолишҳое, ки Раҳматуллоҳзода дар дидор бо ҳайати парлумони Аврупо аз онҳо ба унвони чолишҳои ҷаҳони муосир ном бурдааст, дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст. Аммо ин ки воқеан, ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбӣ бидуни чашми тамаъ ба нуфузи ҳамаҷониба дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин минтақа таваҷҷуҳ нишон медиҳанд, ҷойи тардид дорад.

 

Барчасп