Як мақоми тоҷик: Барканории масъулони нокоромад, амре табии аст
(last modified Sun, 28 Jan 2018 09:47:14 GMT )
Январ 28, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми тоҷик: Барканории масъулони нокоромад, амре табии аст

Муовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурӣ дар мавриди иллати барканории масъулони тоҷик, тавзеҳ дод.

Сайфуллоҳ Сафаров гуфтааст, аз онҷо, ки зиндагии иҷтимоӣ ва ҳавзаҳое ҳамчун иқтисод, санъат, ҳунар ва гардишгарӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд аст; Бино бар ин интихоби масъулони моҳир ва кордон дар ин кишвар, зарурӣ аст.

Ба гуфтаи вай, дар ин шароит барканории масъулони бетаваҷҷуҳ ба вазоифи худ, амре табиӣ ва дар ростои мудирияти калони кишвар аст.Мудири Ожонси хизмати давлатии назди раисҷумҳур ҳам ба ироаи омор пардохт ва афзуд, аз миёни 618 мақом ва масъуле, ки вазифаи худро ба хубӣ иҷро намекарданд, 130 нафар барканор шуданд.Ҷумъа Давлатов идома дод, 78 масъул ба сатҳи мудирити поинтар мунтақил шуданд ва ба 403 нафари дигар низ пешниҳод шуд бо ширкат дар давраҳои омӯзишӣ, сатҳи дониши худро афзоиш диҳанд.