Пешгирии марзбонони афғон аз қочоқи маводди мухаддир ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Feb 2018 05:10:56 GMT )
Феврал 06, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Пешгирии марзбонони афғон аз қочоқи маводди мухаддир ба Тоҷикистон

Дар пайи даргирии марзбонони Афғонистон бо гуруҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддир дар вилояти Бадахшон, ки қасди вуруд ба дохили Тоҷикистонро доштанд 5 марзбон кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, Сайид Ҷаҳонгири Каромат- яке аз масъулони Идораи полиси Бадахшон гуфт: Ин даргирӣ дар минтақаи Шаҳри бузург дар наздикии марзи Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки марзбонон маҷбур шуданд бо ду гуруҳ аз қочоқчиёни маводди мухаддир барои ҷилавгирӣ аз вуруди онон ба дохили Тоҷикистон даргир шаванд.

Вай таъкид кард гуруҳи нахуст аз қочоқчиёни маводди мухаддир савор бар 4 худрав дар навори марзи муштараки Афғонистон бо Тоҷикистон дар ҳоли ҳаракат буданд, ки ба муҳосираи марзбонони афғонӣ даромаданд.Аммо гуруҳи дигаре аз қочоқчиён аз пушт ба марзбонони афғонистонӣ ҳамла карда, ки дар натиҷаи ин даргирӣ 5 марзбони дигар кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Аз теъдоди талафоти гуруҳҳои қочоқчии маводди мухаддир иттилои дақиқе мунташир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки як моҳи пеш дар пай даргирии марзбонони тоҷик бо гуруҳе аз қочоқчиёни маводди мухаддири афғони дар посгоҳи марзии Шамсуддини Шоҳин сарҳанг Хайруддини Адҳамов- Фармондеҳи ин посгоҳ кушта шуд ва фармондеҳии марзбонии Тоҷикистон ба бастани гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон иқдом кард.

Ба гузориши неруи марзбонии Тоҷикистон дар соли 2017 дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон 31 мавриди даргирӣ бо қочоқчиёни маводди муххаддири афғонӣ рух дода, ки дар натиҷа 18 қочоқчӣ кушта ва 20 нафари онон боздошт шудаанд.

Марзбонони тоҷик дар соли 2017 беш аз 1 ҳазору 700 кило анвоъи маводди мухаддирро кашф ва забт кардаанд.