Таҳияи нақшаи илмии пиряхҳои табиии Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Feb 2018 06:52:39 GMT )
Феврал 13, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи нақшаи илмии пиряхҳои табиии Тоҷикистон

Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон аз таҳияи нақшаи ҷуғрофиёии пиряхҳои табиии ин кишвар дар ин ниҳоди илмӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Фарҳод Раҳимӣ гуфтааст, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон имсол барои бори нахуст дар 26 соли ахир нақшаи комили ҷуғрофиёии пиряхҳои табиии ин кишварро таҳия хоҳад кард, ки иттилооти дақиқ аз масоҳат, ҳаҷм ва захоири оби ин пиряхҳоро шомил мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки дар шароити идомаи гарм шудани ҳаво дар кураи замин пиряхҳои табиии Тоҷикистон, ки 60 дарсад аз оби мавриди ниёзи минтақаи Осиёи Марказиро таъмин мекунанд, бо хатари ҷиддии об шудан рӯбарӯ мешаванд.

Раҳимӣ афзудааст, дар 40 соли ахир бар асари тағйироти обуҳавоӣ аз 14 ҳазор пиряхи табиии сабтшуда дар кӯҳҳои Тоҷикистон, наздик ба ҳазор пирях аз байн рафтаву идомаи ин раванд паёмадҳои ногувори зистмуҳитӣ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон, барои омӯзиши таъсири тағйироти обуҳавоӣ ба пиряхҳои табиии ин кишвар маркази вижае дар Фарҳангистони улум таъсис шудааст, ки бо ҷазби коршиносони дохиливу хориҷӣ барномаи пешгирӣ аз об шудани ин манобеи табииро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ин марказ озмоишгоҳи илмӣ бо таҷҳизоти ҷадидро низ шомил мешавад, ки ҳамзамон мутахассисони ҷавонро дар умури пиряхшиносӣ тарбият хоҳад кард.