Боздошти ду ҷавони тоҷик ба иттиҳоми ҳамли маводи мухаддир
Май 09, 2018 14:02 Asia/Dushanbe
Ду нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми интиқоли 47/690 килограм маводи мухаддир боздошт шуданд.
Ба гузориши равобит умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин меқдори маводи мухаддир шомили 45 килограм ҳероин ва беш аз ду килограм афюн буд.
Ду муттаҳами ҷавон яке 35 сола ва дигарӣ 23 сола ва донишҷуи донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва ҳар ду сокини ин шаҳр дар вилояти худмухтори куҳистонии Бадахшон ҳастанд.
Ин ду дар ҳоли интиқоли маводи мухаддир аз як худрав ба худрави дигар дар масири шаҳри Хоруғ ба Душанбе аз сӯйи полиси пойтахти шиносоӣ ва дастгир шуданд.
Бар асоси қонуни асосии Тоҷикистон барои ин муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда ва онҳо ҳоло дар боздошти пешакӣ ҳастанд.