Се миллиард доллар - масрафи бозсозии роҳҳои Тоҷикистон
(last modified Tue, 12 Jun 2018 04:18:13 GMT )
Июн 12, 2018 09:18 Asia/Dushanbe
  • Се миллиард доллар - масрафи бозсозии роҳҳои Тоҷикистон

Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эълом кард, барои бозсозии роҳҳои ин кишвар ба ҷазби наздик ба се миллиард доллар сармоя ниёз аст. Ба гузориши “Азиа плюс”, Тоҷикистон барои 30 тарҳи бозсозии роҳҳои Тоҷикистон ба ин маблағ ниёз  дорад.

Пурмасрафтарин тарҳи роҳсозии Тоҷикистон бозсозии роҳи 395-километрии Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон то марзи Чин аст, ки ба ҷалби 568 миллион доллар ниёз дорад. Ҳамчунин Тоҷикистон бояд барои бозсозии масири Хоруғ то маркази ноҳияи Ванҷ, ба тӯли 163 километр 200 миллион доллар, Қалъаи Хумб-Ванҷ, ба тӯли 80 километр 238 миллион доллар, роҳи транзитии Тоҷикистон ба Покистон бо истифода аз қаламрави Афғонистон, ба тӯли 83 километр 215 миллион доллар сармоя ҷазб кунад. Аз сӯйи дигар барои сохти садҳои зидди тарма дар масири Душанбе ва Хуҷанд ниёз ба масрафи беш аз 26 миллион доллар аст. Ҳамчунин ба гуфтаи мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 12 тарҳи бозсозии роҳҳо дар дасти иҷро аст, ки ҳазинаи ин лоиҳаҳо 700 миллион доллар эълом шудааст.

Бар асоси раддабандии Ҳамоиши ҷаҳонии мавсум ба кайфият роҳҳо, Тоҷикистон миёни 137 кишвар дар мақоми 70 қарор дорад. Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки тайи 27 соли истиқлоли ин кишвар барои бозсозии роҳҳо дар ин ҷумҳурӣ 12 миллиард сомонӣ масраф шудааст.