Ироаи роҳкори ҳифзи арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз сӯйи як коршинос
(last modified Mon, 16 Jul 2018 03:57:32 GMT )
Июл 16, 2018 08:57 Asia/Dushanbe
  • Ироаи роҳкори ҳифзи арзиши сомонӣ дар баробари доллар аз сӯйи як коршинос

Мудири маркази иқтисод ва молияи вобаста ба Пажӯҳишгоҳи рушди муосир дар Русия муътақид аст, Тоҷикистон наметавонад аз раванди коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла доллар ҷилавгирӣ кунад.

Ба гузориши “Спутник”, Никита Масленников бо ишора ба афзоиши 26 дирамии арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Дар иқтисоди минтақа ва ҷаҳон мо шоҳиди раванди навасоноти арзӣ ҳастем, ки ин кишвар низ аз ин падида мустасно нест”.

Вай муътақид аст, ки дидгоҳи Бонки Миллии Тоҷикистон, ки омили коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари долларро тавозуни манфӣ миёни воридот ва содирот ба нафъи воридот унвон карда, дуруст аст, аммо дар шароити феълии иқтисодӣ Тоҷикистон тавони лозим барои тағйири тавозуни манфӣ миёни воридот ва содирот ба нафъи содиротро надорад ва барои расидан ба ин муҳим бояд солҳои зиёде ба дунболи афзоиши содироти маҳсулоти саноатии хеш бошад.

Ҳамчунин бо пешбинии коҳиши арзиши евро дар оянда беҳтар аст, ки Тоҷикистон муомилоти тиҷории хешро бештар бо рубли русӣ анҷом диҳад, ки интизор меравад то поёни соли ҷорӣ тақвият хоҳад шуд.

Ахиран арзиши сомонӣ дар баробари доллар дар Тоҷикистон 26 дирам коҳиш ёфт ва агар як доллар дар бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қаблан 9 сомониву 17 дирам хариду фурӯш мешуд, ин шохис ахиран ба 9 сомониву 43 дирам расид.