Гаронии нархи билети ҳавопаймо: Мушкили донишҷӯёни тоҷик
(last modified Fri, 31 Aug 2018 16:28:43 GMT )
Август 31, 2018 21:28 Asia/Dushanbe
  • Гаронии нархи билети ҳавопаймо: Мушкили донишҷӯёни тоҷик

Бештари донишҷӯёни тоҷик, ки бояд барои оғози соли таҳсилии ҷадид, худро ба донишгоҳҳои Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ бирасонанд, бо нигаронӣ аз гаронии нархи билети ҳавопаймо ба думболи пайдо кардани роҳҳои сафари арзонтар ҳастанд.

Ба гузориши Азия Плюс, дар ҳоле, ки нархи як билети ҳавопаймо дар масири Душанбе ба Маскав, 4 ҳазор сомонӣ (420 доллар) таъйин шудааст, ин нарх дар масири Тошканд ба Маскав, 2 ҳазору 400 сомонӣ (240 доллар) ва Бишкек ба Маскав, 2 ҳазор сомонӣ ( 200 доллар) аст.

Аз ин рӯ, бештари донишҷӯён талош мекунанд, бо сафари заминӣ худро ба Тошканд, Алмаато ва ё Бишкек бирасонанд ва аз ин шаҳрҳо ба Маскав парвоз кунанд.

Ҳамчунин барои донишҷӯён тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Чин омӯзиш мебинанд, нархи билети ҳавопаймо барои як нафар дар масири Душанбе ба Пекин 6 ҳазор сомонӣ (650 доллар) аст, аммо парвоз аз Тошканд ба Пекин 4 ҳазору 200 сомонӣ (540 доллар) аст.

Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, иллати гарон будани нархи билети ҳавопаймо ба хориҷро бо боло будани нархи бензин муртабит медонанд, чаро ки нархи ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ болотар аст.

Аммо коршиносон мӯътақиданд, илова бар ин набуди рақобат дар миёни ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, иллати умдаи гаронии нархи билети ҳавопаймо ба ҳисоб меояд.

Зеро дар Тоҷикистон танҳо ду ширкати Тоҷикистонии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд, ки нархи билетҳояшон ҳеҷ тафовуте бо ҳам надорад.

Бино бар ин, агар ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои хориҷӣ вориди ин ҷумҳурӣ мешуданд, бо эҷоди фазои рақобатӣ қатъан нархи билети ҳавопаймо арзон мешуд.