Иддаои ҳузури сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар Афғонистон
(last modified Sat, 15 Sep 2018 06:22:04 GMT )
Сентябр 15, 2018 11:22 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ҳузури сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар Афғонистон

Як чеҳраи сиёсӣ ва расонаии тоҷик аз ҳузури сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижа (ОМОН) - и Вазорати дохилии Тоҷикистон ва аз фармондеҳони аршади гурӯҳи террористии ДИИШ дар хоки Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Додоҷони Атовуллоҳ гуфтааст, хабари дақиқи ҳузури сарҳанг (полковник) - и фирорӣ Гулмурод Ҳалимов дар Афғонистонро аз манобеи мувассақ дар ин кишвар ба даст овардааст.

Ин рӯзноманигори тоҷик муддаӣ шудааст, Гулмурод Ҳалимов қасд дорад аз минтақаи Бадахшони Афғонистон алайҳи Тоҷикистон даст ба анҷоми амалиёти низомӣ бизанад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон то замони интишори ин хабар дар мавриди ҳузури ин фармондеҳи ДИИШ дар Афғонистон ибрози назар накардаанд.

Сарҳанг Ҳалимови 44 сола, фармондеҳи пешин нерӯи вижаи Вазорати дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳом хиёнат ба ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Манобеи хабарии мухталиф борҳо хабари кушта шудани вайро мунташир кардаанд, ки ҳеҷ гоҳ таъйид нашудааст.

Тобистони соли 2017 Курт Райс, муовини амниятии вазири умури хориҷаи вақти Амрико аз таъйини ҷоизаи семиллиондолларӣ барои иттилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буд.

Ба гуфтаи Райс, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акнун ба муҳрае муҳим дар миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.

Дар моҳи июли соли 2017 дар даргирии миёни неруҳои полиси вижаи Тоҷикистон ва бародарони Гулмурод Ҳалимов дар ноҳияи Восеъ, дар минтақаи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, чаҳор нафар аз бародарон ва бародарзодаҳои вай кушта ва се нафар аз ақвоми ӯ боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон муддаӣ буданд, ин афрод ба дастури Ҳалимов қасд доштанд ба Афғонистон бираванд.