Афзоиши ҳуқуқ ва нафақа дар Тоҷикстон ба сомонӣ ва коҳши он дар муқоиса бо арзиши доллар
(last modified Mon, 17 Sep 2018 04:29:18 GMT )
Сентябр 17, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳуқуқ ва нафақа дар Тоҷикстон ба сомонӣ ва коҳши он дар муқоиса бо арзиши доллар

Рӯзноманигори тоҷик мӯътақид аст, ки тасмими ҳукумати Тоҷикистон дар бораи афзоиш 10 то 15 дарсадии мизони ҳуқуқи кормандон ва нафақаи бознишастагон аз аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ба сомонӣ қобили андеша мебошад, вале дар муқоиса бо арзиши доллар баръакс коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Холиқназар Ҷумъаев бо муқоисаи мизони афзоиши ҳуқуқ ва дастмуздҳо дар Тоҷикстон гуфтааст, ки дар муқоиса бо 5 сол қабл ва коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар, баръакс мо шоҳиди коҳиши ҳуқуқи кормандон ва бознишастагон дар ин кишвар мебошем.

Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2013 ҳаддиақали ҳуқуқи кормандон дар Тоҷикистон 250 сомонӣ буд, ки дар соли 2018 ба 400 сомонӣ расид. Аммо агар ин шохисро бо навасоноти арзиши доллар ва коҳиши қурби сомонӣ муқоиса кунем мебинем, ки дар соли 2013 ҳаддиақали ҳуқуқи кормандон дар Тоҷикистон 51 доллару 10 сент будааст, ки дар соли 2018 коҳиш ёфта ва ба 42 доллару 20 сент расидааст. Аз ин рӯ, ин рӯзноманигори тоҷик муддаӣ аст, ки тайи 5 соли ахир мизони ҳуқуқи кормандон ва нафақаи бознишастагон дар Тоҷикистон аз нигоҳи коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари доллар, бо коҳиши 7 долларӣ, рӯбарӯ шудааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ, ҳуқуқи кормандон ва нафақиа бознишастагон дар ин кишварро 10 то 15 дарсад афзоиш дод.