Полиси Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ронандаи фирорӣ
(last modified Tue, 27 Nov 2018 10:40:16 GMT )
Ноябр 27, 2018 15:40 Asia/Dushanbe
  • Полиси Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ронандаи фирорӣ

Полиси Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи сокини 22-солаи шаҳри Хоруғ аст, ки бо мошини худ шаби 24 ба 25 ноябр муртакиби ҷиноят шуда ва аз маҳали ҳодиса гурехтааст.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, тибқи гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шаби 24 ба 25 ноябр дар кӯчаи Шоҳқирғзи шаҳри Хоруғ, Муслим Зикилобеков сокини 22-солаи маҳалла Бархоруғ ҳангоми ронандагӣ бо суръати боло ва дар ҳолати мастӣ дастури исти кормандони полисро итоат накарда ва ба автомобили Замир Замиров корманди полиси Хоруғ бархурд кардааст.

Манбаъ афзуд, ки Зикиллобеков дар идома суръати ҳаракати мошинро боз ҳам болотар бурда дар маҳалла Тирчиди Хоруғ раҳгузари ноболиғ Кимиёи Хурсанд донишомӯзи синфи панҷуми мактаби президентии Хоруғро пахш кардааст.

Кимиёи Хурсанд духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров яке аз ҳафт лидери ғайрирасмии Бадахшон дар бемористон дар ҳолати ногувор қарор дорад.

Дар гузориши Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон омадааст, ронанда ба ҷойи кумак ба масдум аз маҳалли ҳодиса гурехтааст.

Дар ҳоли ҳозир Кимиёи Хурсанд таҳти назорати пизишкон аст ва ронандаи ҷинояткор ҳанӯз пайдо нашудааст.

Ин ниҳод афзудааст, мақомот барои боздошт ва муҷозоти Зикиллобеков ҳамаи тадбирҳои амниятиро андешида ва дар ҷустуҷӯи ронандаи муҷрим ҳастанд.