Декабр 08, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Норизоиятии ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим

Мудири шуъбаи умури динӣ ва танзими анъанот ва ҷашну маросим дар ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти комиссияҳои назорат бар иҷрои ин қонун интиқод кардааст.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Одинашоҳ Вализода бо ишора ба назорати 503 комиссия бар иҷрои Қонуни танзими ҷашну маросим гуфт, фаъолияти ин комиссияҳо қобили пазириш нест.

Вай муътақид аст, ки аъзои ин комиссияҳо дар навоҳии Тоҷикистон дар қиболи вазоифи худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин мавзуъ муҷиби нақзи қонун мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар соли 2017 дар дидор бо мардум ва масъулони вилояти Хатлон гуфта буд, ки дар бештари маворид кормандони давлат ва мақомоти маҳаллӣ худ ноқизи қонуни танзими ҷашну маросим дар ин кишвар ҳастанд ва ин афрод бояд аз симатҳои худ барканор ва муҷозот шаванд.

Мақомоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну анъанаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар муддати 11 соли тасвиби ин қонун, дар ин кишвар аз ҳисоби коҳиши ҳазинаҳои маросими мухталиф беш аз18 миллиард сомони сарфаҷӯӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин муддат беш аз 3 ҳазору 700 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим аз сӯйи додгоҳҳо маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

Яке аз ин маворид ба барканории Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2017 мунҷар шуд.

Додгоҳе дар Душанбе бар асоси шикояти мақомоти Кумитаи дин Сайфиддин Назарзодаро ба иттиҳоми даъвати беш аз ҳадди муҷози меҳмонон дар маросими ҷашни издивоҷи писараш ба пардохти 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.

Ин дар ҳолест, ки Назарзода муддаӣ аст, ки ин иттиҳом бо ҳадафи барканории вай аз симати раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон матраҳ шуд.