Ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Бориши боронҳои шадид дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд боиси ҷорӣ шудани сел ва осеб дидани хонаҳо, боғҳо, заминҳои кишоварзӣ ва таъсисоти зербиноии ин ноҳия шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Ҷамшед Кучаков, раиси идораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Мастчоҳ гуфтааст, ки бар асари бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар се фармондории ин ноҳия об ба зери заминҳои манозили маскунӣ, боғҳо ва заминҳои кишоварзӣ ва таъсисоти зербиноӣ нуфуз кардааст.
Ба гуфтаи вай, ҳамчунин бахше аз роҳҳои иртиботӣ, пулҳо ва тирҳои барқ низ осеб дида, ки боиси қатъи барқи хонаҳои мардум шудааст.
Ҷамшед Кучаков таъкид кардааст, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошта ва акнун масъулон дар ҳоли бароварди хисороти воридшуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғҳо ҳастанд.
Ноҳияи Мастчоҳ дар шимоли Тоҷикистон яке аз манотиқи умдаи кишти пахта ба ҳисоб меояд.
Гуфта мешавад, дар пайи ҷорӣ шудани сел ба заминҳои зери кишти пахта дар ин ноҳия хисороти зиёде ворид шудааст.