Июл 28, 2019 19:51 Asia/Dushanbe

Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии соли 2019 мубориза бо фасод, аз миёни 180 кишвар дар радифи 152 қарор дорад.

Бо вуҷуди он, ки имтиёзи Тоҷикистон 25 аз 100 аст, аммо нисбат ба соли гузашта 4 имтиёз бештар касб  кардааст.

Бо ин вуҷуд фасод дар Тоҷикистон густурда аст ва таҳлилгарони созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ муборизаи давлати Тоҷикистон бо фасод ва ришвахориро нокофӣ унвон мекунанд.

Ҳамкорамон Халилӣ дар гузориши вижа ба баррасии ин мавзӯъ пардохтааст.