Сентябр 18, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ниёз ба таҳаввули омӯзишӣ дорад

Бо вуҷуди талошҳои давлати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъияти омӯзишӣ дар ин кишвар, ба хусус дар солҳои ахир, камбуди муаллим, набуди барномаи дарсии ҷадид ва набуди ангезаи идомаи таҳсил дар миёни ҷавонон аз ҷумлаи мавонее аст, ки аз пешрафти мактабу донишгоҳҳои ин кишвар ҷилавгирӣ карда ва ҷавононро ба муҳоҷират тарғиб мекунад.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон, яке аз ҷавонони ин кишвар, ки ба Русия муҳоҷират кардааст, мегӯяд: “Таҳсилоти дурусте надорам ва дар тӯли солҳои таҳсил дар дабиристон тасмим гирифтам барои кор ба Русия муҳоҷират кунам. Ҳарчанд агар таҳсил ҳам мекардам дар Тоҷикистон ба роҳатӣ наметавонистам кор пайдо кунам. Ҳоло дар Русия дар фаъолиятҳои сохтимонӣ машғул ба кор ҳастам”.

Вай дар идома гуфт: “Агар дар Тоҷикистон донишҷӯ набошед, бояд ба хидмати сарбозӣ биравед, бинобарин беҳтарин гузина барои ҷавонҳо муҳоҷират ба Русия аст”.

Ҳамасола бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то мақтаи роҳнамоӣ ё диплом бештар таҳсил накардаанд, кишварашонро ба қасди муҳоҷират тарк мекунанд.

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, дар миёни мардум, хусусан афроде, ки дар навоҳии дурдаст ва бидуни имконот зиндагӣ мекунанд, ангезае барои таҳсил вуҷуд надорад. Ҳатто бархе хонаводаҳо низ барои таҳсили фарзанди худ талоше намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳсилоти ибтидоӣ поягузор ва омили рушди мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ва ниёзманди таваҷҷуҳи лозим аз сӯи давлат ва ҷомеа ҳаст.

Иддае аз таҳлилгарон мегӯянд, тайи панҷ ё шаш соли ахир дар Тоҷикистон, хусусан дар манотиқи шаҳрнишин, бештари волидайн талош мекунанд то кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ бифиристанд, зеро эътимод ба мактабҳои тоҷикӣ коҳиш ёфтааст. Тибқи мушоҳидоти ман, мактабҳои русӣ барои таҳсили муносибтар ҳастанд ва фориғуттаҳсилони ин мактабҳо метавонанд дар оянда ба таҳсил дар донишгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ бипардозанд.

Волидайн бештар талош мекунанд то фарзандони худро ба мактабҳои хусусӣ бибаранд, зеро маоши дарёфтӣ тавассути муаллимон дар ин макотиб бештар аст ва мудирияти беҳтаре низ нисбат ба мактабҳои давлатӣ доранд. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ ва 141 мадрасаи дузабонаи русӣ ва англисӣ вуҷуд дорад.

Дар соли 2017- 2018 –и мелодӣ дар мактабҳои Тоҷикистон 29 устоди рус ҳузур доштанд ва соли ҷорӣ теъдоди асотид ва муаллимин то 50 нафар мерасад. Дар Тоҷикистон мизони даромади муаллимон нисбат ба таҷриба ва собиқаи корӣ ва тахассус санҷида мешавад.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, афроде ки тамоюле ба фаъолият пас аз таҳсил надоранд, набояд иҷозаи таҳсил дар донишгоҳро дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба масъулони Вазорати маориф ва илми ин кишвар дастур додааст, ки то соли 2020 камбуди муаллим дар мактабҳоро бартараф кунанд.

 

Барчасп