Мушкилоти падари 3 кудаки кушташуда дар масири пайгирии авомили қатл бо мақомоти Тоҷикистон
(last modified Tue, 01 Oct 2019 07:25:55 GMT )
Октябр 01, 2019 12:25 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти падари 3 кудаки кушташуда дар масири пайгирии авомили қатл бо мақомоти Тоҷикистон

Падари 3 кудаки кушташудаи тоҷик дар шаҳристони Теймурмалик дар ҷараёни пайгирии авомили ин фоҷеа бо дардисарҳое аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ру ба ру шудааст.

Ба нақл аз Ка-Ниюз, дар матлаби муфассале ба шарҳи ин моҷаро пардохта ва навиштааст, ки Баҳодур Бурихонов аз фишори мақомоти маҳаллӣ ба манзури инсироф аз тарҳи шикоят аз мутасадиёни ҳукуматии умури роҳ тавассути хонаводаи ӯ хабар додааст.

Ин моҷаро аз онҷо шуруъ шуд, ки 16 июли соли равон 3 фарзанди Баҳодур Бурихонов бо номҳои Нозанини 10 сола, Маҳҷабини 7 сола ва Шаҳриёри 6 сола бар асари фурурафтан дар чоҳе, ки коргарони бахши роҳсозӣ ба дунболи регбардорӣ аз канори рудхона эҷод карда буданд ба тарзи дилхароше ҷон бохтанд.

Бурихонов муътақид аст коргарон бояд ин ҷоҳро пас аз тамом шудани амалиёти регбардорӣ пур мекарданд то боиси марги кудакон намешуд.

Акнун мақомоти маҳаллӣ аз роҳҳои мухталиф аз ин хонавода мехоҳанд шикояти худро аз ширкати чинии созандаи роҳи Конгурт-Ховалинг-Балҷувон пас бигирад.

Тарҳи роҳи Конгурт-Ховалинг-Балҷувон ба тули 43 километр дар моҳи августи имсол тавассути Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуд