Кумаки 8 миллион евраии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои бозсозии хутути автобусҳои барқӣ дар Душанбе
(last modified Thu, 03 Oct 2019 04:34:17 GMT )
Октябр 03, 2019 09:34 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 8 миллион евраии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо барои бозсозии хутути автобусҳои барқӣ дар Душанбе

Дафтари намояндагии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар Тоҷикистон аз ихтисоси маблағи 8 миллион евра барои бозсозии хутути автубосҳои барқӣ дар пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории ТоҷикТа, ин маблағ барои таъвизи тирҳои барқ, симҳо ва коблҳо ва истгоҳҳои барқ фишори қавӣ барои фаолияти автобусҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе ҳазина хоҳад шуд.

Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон мегуянд, ки дар пойтахти ин кишвар 7 хат сайри ҳаракати автобусҳои барқӣ фаол аст, ки ҳамасола беш аз 11 миллион мусофир аз хадамоти ин васоили нақлия истифода мекунанд, аммо ба далели куҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти хутути ҳаракати автобусҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе акнун зарурати бозсозии ин васоил вуҷуд дорад, ки бо кумаки молии Бонки рушд ва бозсозии Аврупо анҷом хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе 800 ҳазор нафар сукунат доранд, ки теъдоди зиёде аз онон ба далели арзонқимат будани хадамоти автобусҳои барқӣ аз ин васоили нақлияи умумӣ истифода мекунанд.

Барчасп