Содироти 2 ва ним миллиард киловат соат барқи Тоҷикистон таи ҳашт моҳи имсол
(last modified Tue, 08 Oct 2019 10:15:10 GMT )
Октябр 08, 2019 15:15 Asia/Dushanbe
  • Содироти 2 ва ним миллиард киловат соат барқи Тоҷикистон таи ҳашт моҳи имсол

Тоҷикистон таи ҳашт моҳи имсол 2 ва ним миллиард киловат соат барқ содир кард.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз содироти барқи ин кишвар ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон таи ҳашт моҳи соли равон ба арзиши молии 76 миллион ва 500 ҳазор доллар хабар додаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 22 дарсад афзоиш доштааст.

Ба нақл ааз сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, акнун таи ҳар шабонарӯз ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳудуди 10 миллион киловат барқ содир мешавад.

Дар ин миёни Афғонистон бо воридоти 8 миллион ва 500 ҳазор киловат соат барқ дар шабонарӯз аз Тоҷикистон бузургтарин харидори барқ аз Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин ба Узбакистон ҳам таи ҳар шабонарӯз аз Тоҷикистон 1 миллиону 100 ҳазор киловат соат барқ содир мешавад.

Мизони барқи содиротии Тоҷикистон ба Қирғизистон низ таи ҳар шабона рӯз 190 ҳазор киловат соат эълом шудааст.

Бар асоси тавофуқномаи имзоъшуда миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва Узбакистон, Душанбе мутааҳид шудааст дар соли равон ба ин ду кишвари ҳамсоя 3 миллиарду 200 миллион киловат соат барқ содир кунад, ки саҳми ҳар кишвар 1 миллиарду 600 миллион киловат соат хоҳад буд.

Тоҷикистон дар соли 2018 аз фуруши барқ ба кишварҳои ҳамсоя наздик ба 63 миллион доллар даромади молӣ дошта бошад.

Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон мегуянд, ки имсол ба кишварҳои ҳамсоя 3 ва ним миллиард киловат соат барқ содир хоҳанд кард.

Тавлиди барқ таи ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба 14 миллиарду 300 миллион киловат соат раисдааст.