Табодулоти марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон ,дар чорчуби ниҳоӣ кардани тавофуқномаи аломатгузории марзи муштарак
(last modified Thu, 07 Nov 2019 05:08:01 GMT )
Ноябр 07, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Табодулоти марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон ,дар чорчуби ниҳоӣ кардани тавофуқномаи аломатгузории марзи муштарак

Тоҷикистон дар чорчуби ниҳоӣ кардани тавофуқномаи аломатгузории марзи муштарак бо Узбакистон 300 гектар замини худро ба Тошкант вогузор хоҳад кард.

Сомонаи мустақили Фараҷ , муддаъӣ шудааст ,ки Тоҷикистон дар чорчуби ниҳоӣ кардани тавофуқномаи аломатгузории марзи муштарак бо Узбакистон 300 гектар замини худро ба Тошкант вогузор хоҳад кард.

Хабаргузории Спутник ҳам дар титре дар сомонаи худ бо ин унвон,ки ин иқдом ( муовизаи замин аст ва на фуруши он ба кишвари ҳамсоя ) нисбат ба ин иқдоми вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз Спутник нашрияи Фараҷ ,навишта буд,ки ин 300 гектар замин дар қаламрави ноҳияи Масчоҳи вилояти Суғд дорои маъдани тилло аст,ки аз соли2011 ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва канадаӣ машғули истихроҷи тилло аз он ҳастанд ва қарор шуда ба кишвари ҳамсоя фурухта шавад.

Мақомоти вилояти Суғд дар тавзеҳи ин қазия гуфтанд ; ихтиёроти ин муомила дар салоҳияти Ҳукумати марказии Тоҷикистон аст.

 Аммо як манбаи ҳукуматӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба шарти  ифшо нашудани номаш ба хабаргузории Спутник гуфт ; иллати аслӣ садди Олмалиқ аст,ки дар қаламрави ин ноҳия қарор дорад ва қарор аст замимаи қаламрави хоки Узбакистон шавад ва давлати Узбакистон низ дар баробари дар ихтиёр гирифтани ин садд мутаъаҳид шуда ,ки рӯстоеро дар марзи вилояти Қуқанд ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба Тоҷикистон вогузор кунад.

Ҳамчунин манбаъҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон эълом карданд ,ки тавофуқномаи ниҳои кардани аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Узбакистон то поёни имсол дар нишасти Камисиюни байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба дар шаҳри Душанбе ба имзои нахуствазири ин ду ҷумҳури хоҳад расид.