Нобудии 35 дарсад аз пиряхҳои табиии Тоҷикистон
(last modified Wed, 13 Nov 2019 06:48:17 GMT )
Ноябр 13, 2019 11:48 Asia/Dushanbe
  • Нобудии 35 дарсад аз пиряхҳои табиии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз коҳиши сатҳ ва нобудии пиряхҳо дар кӯҳистонҳои ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дирӯз зимни суханронии худ дар 40-умин Конфронси байналмиллалии тағйироти иқлимӣ дар Париж тасреҳ кард, зарфи 70 соли охир ҳудудан 35 дарсади пиряхҳои табиии Тоҷикистон аз байн рафтаанд.

Ба гуфтаи Раҳмон ин дар ҳолест, ки 60 дасради захираҳои оби Осиёи Миёна дар қаламрави Тоҷикистон шакл мегирад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар айни ҳол аз созмонҳои ҷаҳонӣ ба вижа Созмони Миллал ва Созмони ЮНЕСКО хост дар ҳалли мушкили манобеи обӣ ва пиряхҳо ба Тоҷикистон кумак кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр дар сафари давраӣ дар ду кишвари аврупоии Швейтсария ва Фаронса ба сар мебарад.

Ин сафари тулонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон нахустин сафари ӯ ба кишварҳои аврупоӣ пас аз 3  сол аст.