Эҷоди Гурӯҳи дӯстӣ байни парлумон‎ҳои Тоҷикистон ва Малайзия
(last modified Mon, 10 Feb 2020 11:39:39 GMT )
Феврал 10, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди Гурӯҳи дӯстӣ байни парлумон‎ҳои Тоҷикистон ва Малайзия

Тоҷикистон ва Малайзия дар заминаи эҷоди Гурӯҳи дӯстӣ байни парлумон‎ҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Ориф Муҳаммад Юсуф, раиси парлумони Малайзия дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишвар, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумони Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд.

Ҳамчунин тарафайн таъкид карданд, ки сафарҳои мутақобили гурӯҳҳои дӯстӣ ба тақвият ва густариши муносибот миёни ду кишвар кумак хоҳад кард.

Вазъияти феълӣ ва дӯрнамои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, туристӣ, кишоварзӣ, санъатӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ, фарҳангӣ, мубориза бо терроризм, таомул дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, тақвияти равобит дар заминаҳои мухталиф аз ҷумлаи мавзӯоте буд, ки дар ин дидорҳо баррасӣ шуд.