Низоми ҷадиди муҳосибаи ҳазинаи барқи масрафӣ дар 5 минтақаи вилояти Суғд эъмол хоҳад шуд
(last modified Wed, 26 Feb 2020 06:18:48 GMT )
Феврал 26, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Низоми ҷадиди муҳосибаи ҳазинаи барқи масрафӣ дар 5 минтақаи вилояти Суғд эъмол хоҳад шуд

Мақомоти энергетикаи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки низоми ҷадиди муҳосибаи ҳазинаи барқи масрафӣ ба таври пешпардохт дар 5 минтақаи вилояти Суғд эъмол хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, мақомот мегӯянд, ки низоми ҷадиди муҳосибаи барқ ба таври пешпардохт дар шаҳри Хӯҷанд, маркази вилояти Суғд эъмол шуда ва натоиҷи матлубе додааст, ки акнун барномаи амалиётӣ кардани ин тарҳ дар 5 минтақа дар шимоли Тоҷикистон дар дасти баррасӣ мебошад.

Манобеи идораи барқи вилояти Суғд таъкид кардаанд, ки истифода аз ҳисобкунанкҳои ҳушманд ва пешпардохти маблағи ҳазинаи барқ дар шаҳри Хӯҷанд, мӯҷиби коҳиши  талаф шудани барқ аз 18-19 дарсад ба 9-8 дарсад шудааст ва муштариён низ дар 100% қабзҳои барқро пардохт кардаанд.

Ба ин далел, низоми ҷадиди муҳосибаи ҳазинаи барқи масрафӣ ба тавари пешпардохт дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом ва Бӯстон эъмол хоҳад шуд.

 

Барчасп