Феврал 29, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи ҳамкории амниятии Тоҷикистон ва Қатар

Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи ин кишвар бо Қатарро дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ тасвиб кард.

Ба нақл аз Форс, Парлумони Тоҷикистон рӯзи шанбе ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон, ин тавофуқномаи амниятиро ба иттифоқи овозҳо ба тасвиб расонд.

Намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон дар ин нишаст, иҷрои ин тавофуқномаи амниятиро барои тавсеаи ҳамкориҳои оянда байни Тоҷикистон ва Қатар муҳим арзёбӣ карданд.

Икром Умарзода, муовини Вазорати Тоҷикистон гуфт, ин тавофуқнома барои тавсеаи фаоли ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаи мубориза бо ҷиноят, ба вижа терроризм ва ифротгароӣ пешбинӣ шудааст.

Ин тавофуқномаи амниятӣ дар моҳи феврали соли 2017 дар Дуҳаи Қатар ба имзо расид ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон онро барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси намояндагони ин кишва ирсол кард.

Барчасп