Додситони кулли Тоҷикистон ширкати "Барқи Тоҷик"-ро ба ироаи гузориши ҷаълӣ муттаҳам кард
(last modified Sun, 05 Apr 2020 15:56:21 GMT )
Апрел 05, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Додситони кулли Тоҷикистон ширкати

Додситони кулли Тоҷикистон кормандони ширкати давлатии "Барқи Тоҷик"-ро ба ироаи гузоришҳои ҷаълӣ дар бораи мизони барқи масрафӣ дар ин кишвар муттаҳам кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки дар натиҷаи баррасии фаъолияти ин ширкат аз сӯи гурӯҳи вижае аз додситонии кулли Тоҷикистон, мушаххас шуд, ки кормандони ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" бо поён нишон додани мизони барқи масрафӣ, даст ба ихтилоси миллионҳо сомонӣ задаанд.

Таи солҳои 2018-2019 кормандони ширкати барқи ноҳияи Ваҳдат, дар натиҷҷаи кам нишон додани мизони барқи масрафӣ дар ин минтақа, ба маблағи 12 миллион сомонӣ ба буҷаи ҳукумат хисорат ворид кардаанд.

 

 

Барчасп