Даргузашти шоир ва нависандаи тоҷик
(last modified Wed, 06 May 2020 07:56:50 GMT )
Май 06, 2020 12:56 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти шоир ва нависандаи тоҷик

Муҳаммадалии Аҷамӣ шоир ва нависандаи аҳли Тоҷикистон дар сини 64 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадалии Аҷамӣ соли 1956 милодӣ дар шаҳри Бохтари кунуни ( Қурғонтеппаи собиқ ) дар водии Вахш ба дунё омадааст ва чанд соле низ дар Эрон зиста буд.

Таҳсилоти Ӯ дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ буд.

Вай пас аз поёни таҳсилоташ  ба зодгоҳи худ водии Вахш бозгашт ва то соли истиқлоли ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр зиндагӣ кард.

Аҷамӣ аз таҷрибаи шоирони навпардоз ва ғазалсароёни навандеши муосир ба хуби баҳра бурда буд ва дар маҷмуъаи севвуми Ӯ ба номи Андуҳи Сабз ин таъсир бисёр ошкор аст.

Андуҳи Сабзро метавон беҳтарин маҷмуъаи шеърии шодравон Аҷамӣ ва яке аз беҳтарин маҷмуъаҳои шеъри солҳои ахири шоирони Тоҷикистон  аст.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ва сойти Порс Ту Дейи тоҷикӣ даргузашти зиндаёд Муҳадалии Аҷамиро ба хонаводаи он маҳрум, ҷомиъаи Тоҷикистон ва ҳамаи форсизабонон ва форсӣ дӯстон таслият мегуяд.