Паёмҳо ва умедҳои Тоҷикистон аз музокироти сулҳи байни афғонон
(last modified Mon, 06 Jul 2020 12:06:41 GMT )
Июл 06, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳо ва умедҳои Тоҷикистон аз музокироти сулҳи байни афғонон

Фароянди сулҳи байни афғонӣ ва мавқеияти ояндаи Толибон дар қудрат аз ҷумлаи биму умедҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Дар ҳоле, ки дурнамоии сулҳи байналмилалӣ дар Афғонистон бисёр печида аст, манофеъ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳадди зиёде бо амнияту субот бо Афғонистон пайванд дорад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Осиё таймз, дар тӯли ҳокимияти давраи Толибон бар бисёре аз бахшҳои Афғонистон дар даҳаи 1990 мелодӣ Тоҷикистон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохта ва ба таври комил  аз Бурҳониддин Раббонӣ ҳимоят кард. Пас аз суқути Толибон, Тоҷикистон бо ҳусни ният равобитро думбол кард ва равобити ду кишвар дар 19 соли гузашта ру ба рушд будааст.

Дар идомаи ин ёддошт омадааст: Афғонистон аз дер боз муттаҳиди суннатии Тоҷикистон буда ва ҳамчунин ҷамоати исломии Афғонистон ва ҷаноҳи сиёсии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз замони муқовимат дар баробари Толибон аз ҳимояти Тоҷикистон бархурдор будааст.

Афзоиши нақши Тоҷикистон дар фароянди сулҳи байни афғонон ҳамчунин метавонад мавқеияти Душанберо дар миёни тоҷикҳои Афғонистон ва ҳамчунин давлати ин кишвар иртиқоъ диҳад.

Аз ин рӯ идомаи ҳузури ҷунбишҳои тоҷик ва форсизабон дар таркиби ояндаи формули ниҳоӣ (давлати мушорикатӣ) дар Афғонистон корти арзишманде аст.

Бахши зиёде аз марзи як ҳазору 344 километрӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон аз минтақаи кӯҳистонӣ убур мекунад ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вижае ба амнияти марзӣ дорад. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, ки беш аз 90 дар сади героини ҷаҳонро тавлид мекунад. Аз ин рӯ таъмини амнияти ин марз муҳим аст, чунки вуруди маводи мухаддир ба Тоҷикистон яке аз таҳдидоти бузург аз ноҳияи Афғонистон аст.

Аз дидгоҳи Душанбе, ҳузури Толибон дар ҳар гуна фароянди сулҳи байни афғонӣ метавонад ба ҳамкории ин гурӯҳ барои назорати ҷараёни маводи мухаддир ва нодида гирифтани ин гурӯҳ ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир мунҷар шуд.

Дар соли 2015 Гулмурод Ҳалимов аз фармондеҳони собиқи  нерӯҳои вижаи Вазорати  кишвари Тоҷикистон ба ДИИШ  дар Сурия пайваст. Акнун Тоҷикистон нигарон аст, ки ифротиюн  аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шаванд. Ҳароси Тоҷикистон ин аст, ки музокирот бо Толибон ва ҳатто паёмадҳои дастёбӣ ба сулҳ бо ин гурӯҳ паёмадҳои манфӣ барои Тоҷикистон дошта бошад.

Минтақаи Худмухтори Гурнави Бадахшони Тоҷикистон низ бо шимоли Афғонистон ҳамсарҳад аст ва гоҳ-гоҳ бархӯрд ба амал меояд. Агар гурӯҳҳои экстремистӣ аз Афғонистон ба Бадахшони Тоҷикистон бирасанд, онҳо хатари бузурге хоҳанд буд.   

Таҳдиди ҳамкориҳои Толибон ва ҷангиёни тоҷик ва ҳатто ҳизби ғайриқонунии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳоло яке аз масъалаҳои умда аст. Агар Толибон бо ҷангиёни хориҷӣ паноҳ диҳанд, ин метавонад барои  Душанбе хатарнок бошад. Баръакс, агар сулҳ бо Толибон ба гурӯҳҳои дигар, ба мисли ДИИШ, фишори бештар орад, он ба амнияти миллии Тоҷикистон фоида меорад.