Даъвати Ҳизби сотсиал демократ барои таҳрими интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон
Шурои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз аъзои ин ҳизб дархост кард, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябри имсол ширкат накунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, ин шуро дар нишасти рӯзи 31 августи хеш дар шаҳри Душанбе тасмим гирифт интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсолро таҳрим кунад.
Иллати гирифтани чунин тасмиме дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол тағйири замони баргузории ин интихобот аз моҳи ноябр ба октябр унвон шудааст.
Ҳамчунин аз дидгоҳи Шурои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, ҷамъоварии 250 ҳазор имзои таъйидшудаи овоздиҳандагон барои ҳар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ ғайримумкин аст.
Дар ин баёния иддао шудааст, ки 50 дарсади афроди воҷиди шароити овоздиҳӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва имкони мушорикат дар ҷамъоварии имзо барои номзадҳоро надоранд.
Гуфта мешавад, ки аз 31 ҳазор нафари аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ниҳодҳои маҳаллӣ 25 ҳазор нафар узви Ҳизби халқии демократӣ ҳастанд, ки бетарафии ин сохторро зери савол мебарад.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.