Тааҳуди катбии донишҷӯёни Тоҷикистон ба доштани ниқоб
(last modified Wed, 23 Sep 2020 15:45:46 GMT )
Сентябр 23, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Тааҳуди катбии донишҷӯёни Тоҷикистон ба доштани ниқоб

Дар теъдоде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон иқдом ба гирифтани тааҳуди катбӣ аз донишҷӯён барои доштани ниқоб кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл  аз сомонаи Топ  Ти  Ҷи , мақомоти донишгоҳҳои миллӣ ва кишоварзӣ бо таъйиди ин хабари гуфтаанд, ки дар сурати тахаллуф аз ин тааҳҳуд , донишҷӯён  ҷаримаи молӣ хоҳанд шуд .
Директорони ин донишгоҳҳо эълом доштанд, ки ин тадбир аз паҳншавии вируси корона ҷилавгирӣ мекунад, ки барои амнияти донишҷӯён хеле муҳим аст.
Гуфта шудааст ин иқдом муваққатӣ мебошаду бо оддӣ шудани авзоъ ин маҳдудият низ лағв мегардад .
Ба манзури ҷилавгирӣ аз ин беморӣ Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон дастур додааст, ки тадрис дар се шифт анҷом шавад .
Аз нигоҳи коршиносон, донишгоҳҳо ҳамонанди марокизи тиҷорӣ ва ҳамлу нақли умумӣ ба унвони маконҳои эҳтимолии густариши Ковид - 19 матраҳ мебошанд .
Ҳамчунин қарор буд раванди омӯзиш дар Тоҷикистон ба сурати маҷозӣ пайгирӣ шавад, аммо поин будани суръати интернет ва дастрасӣ надоштани теъдоди зиёдӣ аз сокинон ба интернет мӯҷиб шуд, ки аз ин барнома низ даст бардоранд .
Дар ҳоли ҳозир дар 40 донишгоҳи Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ  таҳсил илм мекунанд .