Ноябр 26, 2020 13:33 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо чанд мақоми рус дидору гуфтугӯ кард
    Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо чанд мақоми рус дидору гуфтугӯ кард

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар нахустин сафари расмӣ ба Русия бо чанд мақоми рус дидор ва дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Рустами Эмомалӣ дар Маскав бо Валентина Матвиенко, раиси палатаи болоии парлумон ва Вячеслав Володин, раисони маҷолиси Думат давлатии Русия, Алексей Оверчук, раиси русии Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дидор кард.

Рустами  Эмомалӣ дар ин дидорҳо густариши равобити порлумон, мавриди афв қарор додани коргарони муҳоҷири тоҷик дар шароити густариши Ковид 19, аз саргирии парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия, ифтитоҳи намояндагии донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, ифтитоҳи ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии доимии Маскав ва мубориза бо вируси коронаро бо мақомҳои рус, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ин дидорҳо таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир аз зарфияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия ба таври матлӯб истифода намешавад ва мақомоти ду кишвар бояд барои густариши равобити ҳамаҷониба миёни Душанбе ва Маскав дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, ҳамлу нақл, беҳдошту дармон, илму фарҳанг  ва гардишгарӣ иқдом кунанд.

Мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи нахусти имсол 720 миллиондоллар эълом шудааст. Ҳамчунин шаҳрдорони Душанбе ва Маскав тавофуқномаи ҳамкории пойтахтҳои Тоҷикистону Русияро барои солҳои 2020 то 2023 имзо карданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп