Дархостҳои мукаррари Ширкати Барқи тоҷик барои сари вақт пардохт кардани нерӯи барқ ​​ва сарфаҷӯӣ
(last modified Tue, 15 Dec 2020 07:35:38 GMT )
Декабр 15, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Барқи тоҷик: Мардум сарфаҷӯӣ кунанд
    Ширкати Барқи тоҷик: Мардум сарфаҷӯӣ кунанд

Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик бори дигар аз мардуми ин кишвар дархост кард, то бо пардохти бамавқеи ҳазинаи барқ, сарфаҷӯиро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Нозирҷон Ёдгорӣ бо ишора ба бекор шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аз сари вақт пардохт нашудани ҳазинаи барқи масрафӣ шикоят кардааст.

 

Вай гуфтааст: "Дар аксар маворид маъмурони ширкати барқ маҷбур мешаванд барои водор кардани муштаракон ба пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ то 6 бор ба хонаҳои ин афрод бираванд. Ҳол он ки пардохти саривақтии ҳазинаи барқу сарфаҷӯӣ илова бар нишон додани фарҳанги болои афроди ҷомеа;  дар шароит коҳиши шадиди мизони об дар садди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба иллати камбуди бориш аз ҳадар рафтани энержӣ ҷилавгирӣ мекунад.

Дар соли ҷорӣ мизони боришҳо дар муқоиса бо соли 2019 ба мизони 44 дарсад коҳиш ёфт, ки мушкили шадиди камбуди барқро дар кишвар эҷод  кард.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз дуним моҳи маҳдудияти барқ дар ин кишвар аз рӯзи 10 декабр ба лағви ин маҳдудият иқдом карданд, ки акнун дар саросари ин кишвар мардум 24 соат бо барқ таъмин шудаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп