Истирдоди 4 муттаҳами таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ аз Русия ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 17 Dec 2020 08:10:40 GMT )
Декабр 17, 2020 13:10 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди муттаҳамони таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ аз Русия ба Тоҷикистон
    Истирдоди муттаҳамони таҳти ҷустуҷӯи ҷиноӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Додситонии кулли Русия ба дархости мақомоти Тоҷикистон 4 фарди гумонбар ба ҷинояткорӣ дар дохили ин кишварро, ки ба Русия фирор карда буданд, ба Душанбе истирдод кард.

Ба гузориши сомонаи Пресса, якк аз ин афрод дар соли 2009 бо ҳамла ба як шаҳрванди Чин дар шаҳри Душанбе, вайро захмӣ карда ва маблағи 26 ҳазор доллари ӯро ба зурӣ гирифта ба Русия фирор кардааст.

Фарди дуввуми гумонбар ба қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон мебошад, ки барои фирор аз нерӯҳои интизомӣ вориди Русия шудааст.

Нафари сеюм муттаҳам ба фурӯши билетҳои тақаллубии ҳавопаймо ба 171 шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Чаҳорумин шаҳрванди истирдод шудаи Тоҷикистон аз Русия ба Душанбе низ гумонбар ба дуздӣ аз хонаҳои мардум муаррифӣ шуда аст.

Дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин 4 нафар бо ҳамоҳангӣ бо Додситонии кули Русия ва ирсоли мадорик ҷурму ҷиноёти онон ба Маскав, ба Душанбе мунтақил шуда ва дар додгоҳҳои Тоҷикистон муҳокима хоҳанд шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: