Декабр 19, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Семент яке аз маҳсулоти муҳимми содиротии Тоҷикистон аст
    Семент яке аз маҳсулоти муҳимми содиротии Тоҷикистон аст

Дар Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол се миллиону 951 ҳазор тон семент тавлид шуда, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл наздик ба 37 ҳазор тон бештар аст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, ин миқдор семент дар 13 корхонаи Тоҷикистон тавлид шуда, ки зарфияти тавлиди солона 4 миллиону 700 ҳазор тон маҳсул доранд.

Дар соли 2019 дар Тоҷикистон 4 миллиону 200 ҳазор тон семент тавлид ва як миллиону 500 ҳазор тони он ба хориҷ содир шуд.

Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҳисоби содироти ин маҳсул ба Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон 68 миллиондоллар даромад ба даст овард.

Акнун семент дар баробари алюминий, пахта, фулӯзоти рангӣ ва маъданҳо, аз ҷумлаи ақломи содиротии Тоҷикистон ба хориҷ ба ҳисоб меояд.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 20 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп