Паёми Раҳмон ба Порлумони Тоҷикистон ба 26 январ гузошта шуд
(last modified Mon, 11 Jan 2021 16:00:17 GMT )
Январ 11, 2021 21:00 Asia/Dushanbe
  • Имсол бар хилофи солҳои пешин ироаи ин паём ба соли ҷадид мавкул шудааст
    Имсол бар хилофи солҳои пешин ироаи ин паём ба соли ҷадид мавкул шудааст

Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кард: Маҷлисҳои милливу қонунгузории ин кишвар 26 январ барои шунидани паёми Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи муштаракеро баргузор мекунанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон маъмулан авохири ҳар сол ба Порлумони Тоҷикистон паём медод, аммо имсол бар хилофи солҳои пешин ироаи ин паём ба соли ҷадид мавкул шудааст.

Дар паёмҳои солонаи Эмомалӣ Раҳмон, самту сӯи куллии сиёсатҳои дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон барои соли ҷадид мушаххас мешавад.

Паёми солонаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим аз шабакаҳои радио ва телевизионии ин кишвар пахш мешавад ва кормандони идороту созмонҳои давлатӣ муваззаф ҳастанд ин барномаро дар маҳалли кори худ бубинанд.

 

Бештар бубинед: