Феврал 07, 2021 22:20 Asia/Dushanbe
  • Интисоби раиси ҳайати мудираи Ширкати Талко
    Интисоби раиси ҳайати мудираи Ширкати Талко

Раиси ҷадиди ҳайати мудираи Ширкати Талко мансуб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз вебгоҳи ширкати Талко Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси ҷадиди ҳайати мудираи Талко, бузургтарин ширкати саноатӣ дар Тоҷикистонро мансуб кард.

Раиси равобити умумии ширкатиТолко Игор Сатторов гуфт: Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Наҷибуллоҳ Раҷабов муовини аввали собиқи раиси ҳайати мудираи ширкатро ба унвони раиси ҳайати мудираи Талко мансуб кард. 

Вай афзуд : Наҷибуллоҳ Раҷабов мутаваллиди соли 1987 дар шаҳри Душанбе аст ва соли 2007  факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчиро хатм кард. 

 

Талко як ширкати давлатӣ аст ва таъини мудири он масъулияти президенти Тоҷикистон аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп