Иҷро нашудани барномаи давлатии тавлиди ду маҳсули муҳим дар Тоҷикистон дар соли 2020
(last modified Tue, 09 Feb 2021 16:25:20 GMT )
Феврал 09, 2021 21:25 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки истеҳсоли тухм ва картошка дар соли 2020 мувофиқи нақша пеш нарафтааст
    Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки истеҳсоли тухм ва картошка дар соли 2020 мувофиқи нақша пеш нарафтааст

Вазири кишоварзии Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2020 барномаи давлатии тавлиди картошка ва тухми мурғ дар кишвар иҷро нашуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  Тоҷ Вик,  Сулаймон Зиёзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки дар соли 2020 бо вуҷуди афзоиши 8, 8 дарсадии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ин шохис дар тавлиди картошка ва тухми мурғ иҷро нашуд. 

Вай таъкид кардааст, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка тавлид шуд ва бояд саронаи таъмини ин маҳсули муҳимми ғизоӣ ба 92 килограмм мерасид, ки ҳамагӣ 72 кило бардошт шудааст. 

Ба гуфтаи Зиёзода саронаи тавлиди тухми мурғ дар Тоҷикистон низ бояд дар соли 2020 ба 180 адад мерасид, дар ҳоле ки ин шохис 160 адад буд. 

Дар соли 2020 дар кишвар тавлиди тухми мурғ ба 983 миллион адад расид, ки дар муқоиса бо соли 2019 афзоиши 35 дарсадиро нишон медод. 

Ҳамчунин дар соли 2020 аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон 90 ҳазор тонна пиёз содир шуд ва заминаи расондани мизони содироти ин маҳсул ба 400 ҳазор тонна дар сол вуҷуд дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп