Март 02, 2021 20:54 Asia/Dushanbe
  • Раиси идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон ваъда додааст, ки ба зудӣ парвозҳо ба Кобул ва Нурсултонро оғоз мекунад
    Раиси идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон ваъда додааст, ки ба зудӣ парвозҳо ба Кобул ва Нурсултонро оғоз мекунад

Раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози дубораи парвозҳо аз Душанбе ба мақсади Афғонистон ба Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки бо беҳбуди авзоъи коронаӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик парвози ҳавопаймоҳо ба самти Афғонистон ва Қазоқистон азсар гирифта мешавад. 

Ба гуфтаи вай ширкатҳои Сомон Эйр Тоҷикистон ва Эйр Остонаи Қазоқистон ҳар ҳафтаи як парвози рафту баргашт ба пойтахтҳои ду кишвар анҷом хоҳанд дод.

Ҳамчунин парвозҳо ҳафтае миёни Душанбе ва Кобулро ширкатҳои Сомон Эйр ва Ком Эйр анҷом медиҳанд. 

Нахустин парвоз миёни Душанбе ва Кобулро ширкати афғонистонии Ком Эйр дар рӯзи 10 марти имсол анҷом медиҳад. 

Раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки барои мусофирони ин парвозҳо доштани шаҳодатномаи манфии Ковиди 19 ҳатмист.

Барои мусофироне, ки таб доранд ва ё чунин гувоҳнома ироа намекунанд муҷаввизи парвоз дода намешавад. 

Муддати эътибори ин гувоҳинома 72 соат то замони парвоз хоҳад буд. 

Субҳонзода таъкид кардааст, ки бо зиёд шудани теъдоди мусофирон дар парвозҳои душанбе ба Афғонистону Қазоқистон дар бора афзоиши парвозҳо тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп