Апрел 05, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Наздик ба 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар як соли ахир мунтазири содир шудани муҷаввизи вуруд ба Русия буданд
    Наздик ба 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар як соли ахир мунтазири содир шудани муҷаввизи вуруд ба Русия буданд

Вазорати улӯм ва таҳсилоти олии Русия муҷаввизи вуруди донишҷӯёни чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои идомаи таҳсили ҳузурӣ дар донишгоҳҳои ин кишвар содир кард .

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Пресс.тҷ, ахиран Михайил Мишустин-нахуствазири Русия дархости Вазорати улӯм ва таҳсилоти олии ин кишварро дар бораи судури муҷаввизи вуруди донишҷӯёни хориҷӣ имзо кард, ки тоҷикҳо низ шомили ин муқаррарот мешаванд .

    Гуфта мешавад ки наздик ба 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар як соли ахир мунтазири содир шудани муҷаввизи вуруд ба Русия буданд ва акнун бояд худро ба Русия расонанд .

  Донишҷӯёни хориҷӣ бояд 10 рӯз қабл аз сафар ба Русия ба сурати интерентӣ донишгоҳи маҳали таҳсили худро аз торихи вурудшон ба Русия огоҳ кунанд .

    Ҳамчунин ба ҳамроҳ доштани нусхаи чопи роёнаии гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид 19 бо 72 соъат эътибор ба забони рӯсӣ зарурӣ аст .

  Ин афрод ба маҳзи вуруд ба Русия низ як озмоиши дигар барои итминон аз надоштани бемории Ковид 19 хоҳанд дод.

    Ҳамчунин мавзӯи имкони сафари донишҷӯён ба Русия аз тариқи гузаргоҳҳои заминии кишварҳое, ки бо Русия марзи худро боз кардаанд, дар дасти баррасӣ аст, зеро дар муддати кутоҳ заминаи сафари донишҷӯёни тоҷик ба Русия аз тариқи парвозҳои ҳафтагӣ миёни Душанбева Маскав фароҳам нест .

 

Бештар бихонед : 

 

Барчасп