Чин 150 ҳазор доза ваксинаи корона ба Тоҷикистон ирсол мекунад
Масъули идораи бемориҳои вогири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки ин кишвар аз Чин 150 ҳазор доза ваксинаи коронаи ройгон дарёфт хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи ҳукумати Тоҷикистон бо Чин қарор аст Пекин 150 ҳазор доза ваксинаи ройгони корона ба Душанбе ирсол кунад.
Ба гуфтаи вай, ин ваксина аз навъи "коронавок"-и сохти ширкати чинӣ "синувок" аст ки тарафи Тоҷикистон барои интиқоли он бояд як фарванди ҳавопаймо ихтисос диҳад.
Ин мақоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин аз оғози гуфтугӯ бо Русия барои дарёфти ваксинаи Спутник V хабар дод.
Дар Тоҷикистон ҳамакнун дар се ҳазор маркази дармонӣ тазриқи ваксинаи АстраЗенека/ Оксфорд оғоз шудааст.
Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз ин ваксинаро дарёфт кардааст, ки кодри дармонӣ муаллимон ва афроди солхӯрда дар авлавияти тазриқи он қарор доранд.
То ба ҳол ин ваксина ба 12 ҳазору 380 нафар аз коркунони бахши дармон, муаллимон, кормандони фурудгоҳ ва меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе тазриқ шудааст.
Бештар бихонед: