Саронаи маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 862 сомонӣ аст
Саҳми ҳар тоҷикистонӣ аз маҳсулоти саноатии ин кишвар дар се моҳи нахусти имсол 862 сомонӣ (76 доллар) эълом шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, бар асоси эъломи Созмони давлатии омори Тоҷикистон, ҷамъияти ин кишвар дар авоили имсол ба 9 миллиону 520 ҳазор нафар расидааст, ки саронаи ҳар шаҳрванди тоҷикистонӣ ( саҳми ҳар шаҳрванд аз тавлиди маҳсулоти саноатӣ ) 862 сомонӣ аст.
Дар се моҳи нахусти имсоли арзиши тавлиди маҳсулоти саноатии Тоҷикистон беш аз 8 миллиарду 201 миллион сомонӣ ( 724 миллион доллар ) эълом шудааст.
Гуфта мешавад, ки алюминий, семент, риштаи пахта, конҳо ва металлҳои ранга муҳимтарин содироти саноатии Тоҷикистон ба хориҷ аз аввали соли равон ба ҳисоб мераванд.
Аммо ба далели набуди имкони фароварии бештари ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон, ин ақлом ба шакли хом ва нимахом ба хориҷ содир мешавад.
Дар Тоҷикистон аз сабаби набудани корхонаҳои коркард танҳо 20 дарсад нахҳои пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолшуда ба маҳсулот табдил ёфта, боқимонда ба сурати ашёи хом ба хориҷ содирот карда мешаванд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон либосҳое, ки барои шаҳрвандонаш зарур аст, аз кишварҳое, ки воридкунандаи пахтаи ин кишвар ҳастанд се маротиба гаронтар аз содироти пахтаи хом харидорӣ мекунад.
Бештар бихонед: