Мудири Китобхонаи Гандии Тоҷикистон : Шоҳнома бештарин хизматро ба забони форсӣ карда аст
(last modified Sun, 16 May 2021 06:11:13 GMT )
Май 16, 2021 11:11 Asia/Dushanbe
  • Мудири китобхонаи Гандии Тоҷикистон : Шоҳнома бештарини хизматро ба забони форсӣ карда аст
    Мудири китобхонаи Гандии Тоҷикистон : Шоҳнома бештарини хизматро ба забони форсӣ карда аст

Мудири Китобхонаи илмии марказии Индира Ганди дар Академияи миллии улуми ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт : Ҳеч як аз осори фарҳангӣ ва торихӣ хидмате ҳамонанди Шоҳномаи Фирдавсиро ба ҳифзу густариши забони форсӣ анҷом дода, надодааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Шодимуҳаммад Сӯфизода дар ҳамоиши маҷозии забону адабиёти форсӣ афзуд : Шоҳнома на танҳо донишномаи фарҳангу тамаддуни эронӣ аст, балки сарчашмаи муътабари рӯзгорони куҳани тамоми ақвоми Шарқ аст .

Вай идома дод : Шоҳномаи Фирдавсӣ бо забони форсӣ ҳаммаъност ва ин ҳақиқати торихӣ, ки дар 60 ҳазор байти безавол, ҳатто ҳазор вожаи арабӣ ба кор нарафтааст, далеле бар вуҷуди ин ганҷинаи ғанӣ дар забони форсӣ аст .

   Ба гуфтаи мудири Китобхонаи илмии марказии Индира Гандии Академияи миллии улӯми ҷумҳӯрии Тоҷикистон қисмати зиёде аз вожагони Шоҳнома дар гӯйиши форсии тоҷикӣ ҳифз шудааст ва мардум онро бо ҳамон маънии маъруфи тоҷикӣ мешиносанд ва мефаҳманд .

Суфизода афзуд : Устод Садриддин Айнӣ дар пажӯҳиши худ бар асоси матни Шоҳнома, силсилаи вожагонеро муқарар карда, ки басомади фаровоне дар ин ҳамосаи миллӣ доштааст ва имрӯз дар форсии тоҷикӣ роиҷ ҳастанд ва бо ҳамон маънӣ ба кор мераванд.

 

  Бештар бихонед :