Догоҳе дар Русия ҳукми ихроҷи рӯҳонии тоҷикро ғайриқонӯнӣ эълом кард
(last modified Sun, 30 May 2021 06:04:35 GMT )
Май 30, 2021 11:04 Asia/Dushanbe
  • Сайиднуриддин Розиқов гуфтааст, ки акнун қасд дорад ба назди хонаводааш ба Русия баргардад
    Сайиднуриддин Розиқов гуфтааст, ки акнун қасд дорад ба назди хонаводааш ба Русия баргардад

Додгоҳи вилояти Свердловскийи Русия ҳукми додгоҳи аввалияи ноҳияи Ржевскии ин минтақаро дар бораи лағв(бекорсози)и шаҳрвандӣ ва ихроҷи Сайиднуриддин Розиқов-имомхатиби собиқи масҷиде дар минтақаи Урал ғайриқонунӣ эълом кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, Людмила Лукашева - раиси Созмони муҳоҷирони минтақаи Урал ва вакили мудофеъи ин руҳонии тоҷик гуфта, ки ин додгоҳ далели лағви шаҳрвандии русии Сайиднуриддин Розиқов ва ихроҷи вайро ғайриқонунӣ ташхис додааст .

  Лукашева афзуд : Бар асоси ҳукми додгоҳи аввалия ин руҳонии тоҷик ҳангоми сохти девор дар атрофи хонаи худ як метр замини изофиро ба ҳавлиии худ афзудааст ва ин маврид наметавонад далели лағви  шаҳрвандӣ ва ихроҷи ӯ аз Русия шавад .

Вакили мудофеъи ин рӯҳонии тоҷик бо баёни инки ин рӯҳонии тоҷик 24 март боздошт ва шаҳрвандии русияш бекор ва аз Русия ихроҷ шуд, изофа кард : Сайиднуриддин Розиқов дар Тоҷикистон дар иртибот бо гурӯҳи салафия бозҷӯӣ ва ба далели набуди далелҳо озод шуд ва акнун ба иллати надоштани ҳуҷҷатҳо наметавонад ба Русия бозгардад .

Сайиднуриддин Розиқов ҳам гуфтааст ки акнун қасд дорад, ки ба назди хонаводааш ба Русия баргардад, аммо гузарномаи русии вай бекор шуда ва сафорати ин кишвар дар Душанбе дар ҳоли баррасии мавзӯи бозгардондани ӯст .

 

  Бештар бихонед :