Тағйири иқлим ва ҳифзи пиряхҳои табиӣ-меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Созмони Миллал
(last modified Thu, 24 Jun 2021 14:26:04 GMT )
Июн 24, 2021 19:26 Asia/Dushanbe
  • Тағйири иқлим ва ҳифзи пиряхҳои табиӣ-меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Созмони Миллал

Дар дидори вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо мудири минтақаии барномаи тавсеъаи Созмони Миллал пайёмадҳои тағйири иқлим ва зарурати ҳифзи пиряхҳои табиӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар дидори Сироҷуддини Меҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо Миряна Сполярич Эггер - мудири минтақавии БРСММ барои Аврупо ва ИДМ ду тараф дар мавриди мавзӯъот ва чашмандози тавсеъаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва БРСММ табодули назар ва таъомулоти мутақобил дар бисёре аз заминаҳо монанди тавсеъаи пойдори иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро мусбат арзёбӣ карданд .
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба талошҳои давлати кишвараш дар заминаи манобеи об  тавваҷуҳ ба мавзӯи паёмадҳои тағйири иқлим ва лузӯми ҳифозат аз пиряхҳои табииро муҳим унвон кард .
Вай дар ин росто бар лузӯми тақвияти ҳамкориҳо дар чорчуби « Оби Душанбе » таъкид кард .
Таи ин дидор мудири минтақаии  БРСММ низ бар алоқамандӣ ва омодагии ин созмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва иҷрои барномаҳои муштарак дар робита бо масоил ва мавзӯъоти мавриди алоқаи муштарак таъкид кард.
 


Бештар бихонед :

Барчасп