Афзоиши парвозҳои муназзам миёни Тоҷикистон ва Русия
(last modified Mon, 16 Aug 2021 15:33:22 GMT )
Август 16, 2021 20:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия, ба зудӣ
    Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия, ба зудӣ

Ситоди миллии муқобила бо вируси коронаи Русия эълом кард, ки аз рӯзи 27 августи соли ҷорӣ теъдоди парвозҳои муназзам миёни ин кишвар ва Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», дар ҳоли ҳозир 2 парвози муназзам дар ҳафта миёни Маскав ва Душанбе анҷом мешавад, ки аз рӯзи 27 августи соли ҷорӣ ба 7 парвоз афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин ҳар ҳафта як парвози муназзам аз Русия ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки афзоиши теъдоди парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон боиси коҳиши қимати билети ҳавопаймо хоҳад шуд.

Ҳамчунин ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷик метавонанд тавассути ин парвозҳо барои кор ба Расия раванд, ки барои таъмини манобеи молии маишатии хонаводаҳои онон муҳим мебошад.

Аз моҳи марти соли 2020 ва дар пайи густариши вируси корона миёни Русия ва Тоҷикистон умдатан парвозҳои чартерӣ анҷом мешуд, ки қимати билет низ хеле гарон буд.

 

Бештар бихонед: