Дидори намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллал бо муовини аввали дабири кулли ин созмон
(last modified Mon, 30 Aug 2021 06:21:40 GMT )
Август 30, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллал бо муовини аввали дабири кулли ин созмон

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо муовини аввали дабири кули ин созмон дидору гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Ҷонибеки Ҳикмат бо хонум Амина Муҳаммад дар бора ҳамкориҳои Тоҷикистон ба Созмони Миллали Муттаҳид баҳсу табодули назар шуд .
Ду тараф дар ин дидор мавзӯъи таҳаввулоти Афғонистон ва таъсири он бар амнияти Осиёи Марказӣ, буҳрони камобӣ ва тағиироти иқлимӣ ва барномаҳои Созмони Миллали Муттаҳид барои рушди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд .
Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ва муъовини аввали дабири кулли ин созмон бар зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ таъкид карданд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп