Ихроҷи 8 шаҳрванди Тоҷикистон аз Олмон
Олмон 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ мекунад.
Ба гузориши сомонаи «ТОП Тҷ», гуфта мешавад, ки 5 нафар аз ин афрод гумонбар ба узвият дар ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ҳастанд, аммо мақомоти ин ҳизб ин иддаоро рад карданд.
Ин теъдод афрод барои паноҳандагии сиёсӣ ва дарёфти тобеияти олмонӣ, худро аз аъзои ҳизби наҳзати исломӣ муаррифӣ карданд, вале собит нашудани иддаои узвияти онҳо дар ҳизби мамнуияти наҳзати исломӣ ва надонистани забони олмониву қавонини муҳоҷирати кишвари Олмон сабаб шуд, ки мақомоти қазоии Берлин тасмим ба ихроҷи ин афрод ва истирдоди онон ба Тоҷикистон бигиранд.
Аммо гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Олмон мегӯянд, ки наҳваи бархӯрди мақомоти интизомии ин кишвар бо онон пас аз боздошти 5 тоҷик дар 15 апрели соли 2020 ба иттиҳоми тарроҳии ҳамла ба пойгоҳи низомии Амрико мустақар дар ин кишвар тағйир кардааст.
Бештар бихонед:
- Имзои қарордоди кумаки молии мақомоти Тоҷикистон ва Олмон
- Иттиҳоми узвияти як шаҳрванди Тоҷикистон дар гурӯҳи террористии ДИИШ дар Олмон