Дидори раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо раиси дафтари СММ дар умури коҳиши балоҳои табиӣ
(last modified Wed, 03 Nov 2021 11:51:53 GMT )
Ноябр 03, 2021 16:51 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо раиси дафтари СММ дар умури коҳиши балоҳои табиӣ

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури коҳиши хатари балоҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, дар мулоқоти Рустам Назарзода бо раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури коҳиши хатари балоҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар мавриди иқдомоти анҷомшуда дар заминаи мудирияти изтирорӣ дар кишвар табодули назар шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар хусуси ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои зирабти кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин кумакҳои давлати Тоҷикистон ва шуракои байналмилалӣ ба ҷамъияти осебдида аз балоёи табиӣ ва рафъи паёмадҳои он изҳори назар кард.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси ҳамкорӣ ва иҷрои тарҳҳои муштарак байни ду дастгоҳ дар заминаи мудирияти балоёи табиӣ, омӯзишу бозомӯзии мутахассисон низ баҳсу табодули назар карданд.

Раиси дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури коҳиши хатари балоҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳам дар ин мулоқот аз амалкарди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дифои мадании Тоҷикистон дар пешгирӣ ва коҳиши балоёи табиӣ қадрдонӣ кард.

 

Барчасп