Ноябр 12, 2021 22:04 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Арабистон ба баррасии ҳамкорӣ дар заминаи тандурустӣ пардохтанд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе дидор кард ва дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи беҳдошт баррасӣ шуд.

Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валид бин Абдурраҳмон Аррашидон, сафири Арабистони Саудӣ дар ин кишвар мулоқот карданд.

Тарафайн дар ин дидор дар мавриди густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ табодули назар ва барои тақвияти он ибрози алоқа карданд.

Абдуллоҳзода дар бахше аз суханони худ гуфт, ки Арабистони Саудӣ дар ироаи кумак ба ниёзмандон, беморон ва қурбониёни балоёи табиӣ дар саросари ҷаҳон нақши фаъолеро ифо мекунад ва саломату эминии ҷомеаи модерне барои Риёз дар авлавият аст.

Хотирнишон шуд, ки Арабистони Саудӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ироа кард, ки тибқи қонунҳои тандурустӣ дарёфт ва дар ихтиёри муассисоти пизишкии ниёзманд қарор гирифт.

Дар поёни ин дидор тарафайн хостори густариши ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи тандурустӣ шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп