Декабр 04, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Тоҷикстон ба системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказӣ

Вазири саноъат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон дар дуюмин нишасти Кангресси Авруосиё дар Маскав аз бозгашти ин кишвар ба системаи воҳиди энергетики Осиёи Марказӣ дар соли оянда хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шералӣ Кабир, вазири саноъат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ин кишвар дар соли оянда ба системаи воҳиди энергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ бармегардад.

Вай ин мавзӯро дар посух ба пешниҳоди Александр Новак, муовини нахуствазири Русия дар мавриди бозсозии системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказӣ эълом кард.

Вазири саноъат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон дар идома хотирнишон кард: Барои аз саргирии фаъолияти системаи воҳиди энергетика бояд тағийроти бозор ва ҷаҳонро дар назар гирифт.

Кабир афзуд: Бо роҳандозии неругоҳи барқи обии Роғун тағйироти ҷиддӣ дар бозори энергетика эҷод ва камбуди барқ дар Осиёи Марказиро рафъ мекунад.

Системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказӣ дар соли  1997 ташкил шуд ва кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба он пайвастанд, системаи мазкур 83 нерӯгоҳи кишварҳои минтақаро дарбар мегирифт.

Дар ин система қавонине ҳоким буд, мабни бар ин ки кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ироаи оби лозим ба Қазоқистон ва Узбакистон ҷиҳати обёрии заминҳои кишоварзӣ, турбинҳои неругоҳои барқи обии худро бо зарфияти комил роҳандозӣ накунанд. Қазоқистон ва Узбакистон ба навбаи худ ба ин ду кишвар нефт, газ ва ангиштро ба қимати муносиб арза кунанд.

Дар соли 2003 Туркманистон системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказиро тарк кард, ин система дар соли 2009 комилан аз байн рафт, аммо дар соли 2019 дубора бозсозӣ шуд.

Дар ҳоли ҳозир системаи мазкур шомили кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон мешавад.

Дувумин Конгрсси АвруОсиё дар таърихи 2 сентябр дар Маскав баргузор шуд, ки созмондиҳандаи он ба таври суннати Бонки Тавсеаи Осиё аст.

Аз тарафи Тоҷикистон дар ин нишаст Шералӣ Кабир ва Ҳаким Холиқзода, раиси Бонки Миллӣ ҳузур доштанд.

Ин нишаст дар чорчӯби тавсеаи муколима байни ниҳодҳои давлатии кишварҳои узви иттиҳодия ва ҷалби ҷомеъаи тиҷорӣ дар раванди ҳамгароии иқтисодии Авруосиё роҳандозӣ шудааст.

Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба системаи воҳиди энергетикаи Осиёи Марказӣ ин кишвар метавонад дар фасли тобистон барқи изофаашро ба дигар кишварҳои минтақа ба фуруш расонад.

Акнун Тоҷикистон ба ду кишвари Узбакистон ва Афғонистон барқ содир мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп